Амонатбонк марказҳои худро дастрас мекунад

То имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон 1 миллиону 534 ҳазор нафар кортҳои пардохтии бонкӣ доранду 1739 адад постерминал фаъол мебошанд.

Ба иттилои раиси БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ин муассиса бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 768 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, фаъолияти 20 хазинаи бегоҳӣ ва шабона дар кишвар хизмат мекунанд.

Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин қайд карда шуд, ки давоми 2 соли охир марказҳои бонк ба ҷойҳои сераҳолӣ, шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили марказҳои савдову бозорҳо, чорроҳаҳо ва ба маконҳои ба сайёҳону меҳмонон дастрас кӯчонда шуда истодаанд.

Ҳамчунин, илова карда шуд, ки баҳри саҳмгузорӣ  дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –таъмини  амнияти озуқаворӣ иқдоми пешниҳоди  қарзҳои имтиёзнок таҳти унвони  «Кишоварз»-ро роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин иқдом  мизоҷон, хусусан кишоварзони мамлакат  бо шартҳои  имтиёзноки аз се ҳазор то панҷсад ҳазор сомонӣ  ва ё мутаносибан  бо асъори хориҷӣ  ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ  таҳти 18 фоизи  солона бо пули миллӣ  ва бо асъори хориҷӣ  таҳти 10 фоизи солона маблағҳои қарзӣ дастрас намуданд.

“Бо мақсади  саҳмгузорӣ  дар татбиқи босуботи  санадҳои барномавии  давлатӣ дар самти  дастгирии  иҷтимоии шаҳрвандон «Амонатбонк» иқдоми пешниҳоди қарзҳои  имтиёзнокро  таҳти унвони  «Таҳсил-2020» таҳти 18 фоизи солона  роҳандозӣ  намуд. Иқдоми «Таҳсил-2020» барои харидории сарулибоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва пардохти маблағи  шартномаи таҳсил  пешбинӣ шуда буд, ки давоми моҳҳои август-сентябри соли гузашта татбиқ гардид”, – илова намуд. Икромӣ С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *