Вазорати саноат ва технологияҳои нав эълон мекунад, ки санаи 13 феврали соли 2021 дар даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” баргузор мегардад.
Вазорат аз заргарони моҳир хоҳиш кардааст, ки дар ин Фестивал фаъолона иштирок намоянд. Гуфта мешавад, бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии аҳолӣ дар самти истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, бо ҷалби корхонаҳои давлативу хусусӣ, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи банди 2-и амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2019, №АП1256 ва аз 27 январи соли 2020, №1332 дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” гузаронида мешавад.
Макони баргузории чорабинии мазкур: шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, коргоҳи заргарии “Зари Тоҷик”, ошёнаи 3-юм.
Оғози чорабинӣ: соати 800.
Марҳамат ба фестивал.
Телефон барои тамос: (37221-15-75).