Ҳафтаи сипаригашта дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки ба зикри муаллифони он, мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.
Ин воқеият, дар пайраҳаи пурпечутоби зиндагӣ ӯро ба бозича ва қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дасисаю моҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ, ҷаҳолату беҳайсиятӣ ҳукмфармо буданд. Имрӯз ӯ дар мавҷҳои пурталотуми ин ҳама кассифӣ роҳи наҷот ёфтанист, вале мафкураи банди ҷаҳолат, дастони ӯро ба ин ҷода раҳнамун сохтаю ӯро бештар аз пештар ба оғӯши ин торикӣ тела медиҳанд.
Дар ин филмнома сухан дар бораи шахсе бо ному насаби Муҳаммадиқболи Садриддин меравад. Кист ӯ? Чаро ба сифати чеҳраи манфии ин филми мустанад интихоб шуд? Дар ин бора фикру ақидаҳои нафароне, ки М. Садриддинро мешиносанд дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” гуфта шудааст. Аз тамошои филми “Бешарафӣ” сокинони касбу кори гуногун дар канор набуда, вокуниши худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ карданд. Мо низ таассуроти чанде аз сокинони мамлакатро доир ба ин филм пешкаши хонандагон мегардонем:
Ш. МАҲМАДАЛИЗОДА, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён: Дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дида мешавад. Дар филм дида мешавад, ки чигуна Қаландари Садриддин, падари Муҳаммадиқболи Садриддин писарашро, яъне Муҳаммадиқболро, зери амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ қарор медиҳад. Муҳаммадиқбол, ки худ аз амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ ҳаловат мебарад, мехоҳад, ки дигар ҷавононро ба ин роҳ равона созад.
Воқеан, филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” кӣ будани Муҳаммадиқболро нишон медиҳад ва ҳаргиз мо-ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ки баъд аз тамошои ин филм аз мақсади Муҳаммадиқбол ба пуррагӣ огаҳ шудем, ба макру дасисаҳои навбатии Муҳаммадиқболи хориҷидӯстдор гӯш намедиҳем.
Мо – ҷавонони ноҳияи Кӯшониён ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайриинсонии ин хориҷидӯстдоронро мудом маҳкум намуда, ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар, хиёнаткор ва ифротӣ бовар намекунем, ба шумоён нафрат мехонем. Мо ҳеҷ гоҳ хиёнати ин ҳизби террористиро фаромӯш нахоҳем кард.
Ҷонона ҲАЙДАРЗОДА, сокини шаҳри Бохтар: Ҳафтаи қабл як тан роҳгумзадаи зиндагиро дар филми мустанади “Бешарфӣ”, тариқи “Телевизиони Тоҷикистон” тамошо намуда, аз наворҳои даҳшатовар дилхун гаштам ва сад бор шукронаи сулҳу суботи диёр, шукронаи марди сулҳофару умедбахш Пешвои миллатамон намудам. Ман ҳамчун як модари тоҷик шарм ва нафрат дорам, ки ҳамватани ман хоини миллати ман аст, хоини давлати тинҷу осудаам, хоини фарзандони мо, хуруфотпараст аст.
Муҳамадиқболи Садриддин қаллоб, дузди моли мардум, бешарм, бешараф, бевиҷдону беинсоф, роҳгумзадаи лаин мебошад, ки аз ояту ҳадисҳои китобҳои муқаддаси Ислом истифода карда, мардумро фирефтаи доми худ карданист ва аз хуну пӯсти мардум хонаҳои боҳашамат сохта, ба манфиати худ истифода кардааст. Ҳамин гуна филми мустанад саривақтӣ буд, моро боз ҳам ҳушёр сохт, то ки аз шахсони атрофи худ ва аҳволи ҳамсояҳои худ бохабар бошему дастҷамъона нисбати чунин ашхоси бетарбия бетараф набошем.
Гулрухсор МИРЗОЕВА, сокини ноҳияи Восеъ: Агар ба муҳтавои ин филм дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти хоини ватанфурӯш – Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад. Албатта, ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хосси оқипадарон аст.
Маҳмадсаид РАҶАБЗОДА, сокини ноҳияи Темурмалик: Тамошои филми мустанади “Хиёнат” – қисми 7 ҳар нафарро водор ба он менамояд, то бетарафиро пеша накарда, андешаи хешро вобаста ба бешарафии хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин баён намояд. Аввалан тарбия – ин маҳсули дидан, шунидан ва омӯхтан аст. Чуноне ки аз тамошои филм ошкор гашт, Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ дар муҳити носолим ба воя расидааст. Ҳатто волидайнаш монеаи ба мактаб рафтанаш шуда, барои гирифтани таълими ғайрирасмӣ ҳидоят менамудаанд.
Падари Муҳаммадиқбол Қаландари Садриддин ҷав корида, гандум даравиданӣ буд, вале ҳар чӣ корӣ, ҳамон даравӣ, мегӯянд. Ё бо ибораи педагоги машҳур А.С. Макаренко: “Тарбияи дурусти кӯдакон пирии хушбахтонаи мо ва тарбияи бади онҳо ғаму андуҳи ояндаи мост”.
Сафар ХАЛИЛЗОДА, сокини ноҳияи Ховалинг: Баъди тамошои филми 7 -уми мустанади “Хиёнат”, ки таҳти унвони “Бешарафӣ” аз “Телевизиони Тоҷикистон” шаби 21 январи соли 2021 намоиш дода шуд, ба таҳиягарони он, ки бо шоҳидони ҳол дар мамлакат ва берун аз он ҳамсуҳбат гардида, дар бораи зиндагиномаи яке аз аъзоёни Ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом, ҳаммаслаки хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ Муҳаммадиқболи Садриддин маълумоти муфассал медиҳад, садҳо ташаккур баён менамоем.
Агар ин филм намоиш дода намешуд, касе чунин хаёл ҳам намекард, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамарӯза аз сомонаҳои таъсисдодаашон обрӯ ва нуфузи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба туҳмату буҳтон, суханони бардурӯғи бофтаю сохта, бо овардани ояту ҳадис паст мезанад, то ин андоза бешараф бошад. “Бешарафӣ” гузоштани номи филм ҳам бе асос нест.
Филм ба қисматҳо (бобҳои) алоҳида – “Қаллоб ва моликияти ӯ”, “Ахлоқи оилавӣ”, “Мард дар никоҳи мард”, “Ҷанг ба бешарафӣ”, “Ба ҷойи Хулоса” ҷудо карда шудааст, ки бинанда аз тамошои он дар бораи саргузашти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, бадахлоқӣ ва ҳаромхӯрии падараш Садриддин Қаландаров ва худи ӯ ва дар умум, тақдири ин оилаи носолим ва аз одаму одамгарӣ дур ба хубӣ шинос мешавад.
Қумриниссо ГУЛМУРОДЗОДА, сокини шаҳри Норак: Қисми 7-уми филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карда, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ТЭТ ҲНИ дубора чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддинро ошкор намуд. Нафаре, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардонагиву номуси мардӣ сухан мегӯяд, пас аз ошкор шуданаш чун як бешарафу беномус дигар чӣ мегуфта бошад? Дар ҳақиқат бархе аз одамон ҳеҷ гоҳ аз амалҳои номатлубе, ки барояшон одат шудааст, пушаймон намешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз покизагӣ ва маснади баланди дини мубини ислом истифода бурда, зери ин ниқоб ба боварии мардум даромада, бо ҳар роҳ аз онҳо маблағҳои зиёди пулӣ ситонидааст.
Бознашр аз ҳафтаномаи
“Ҷаҳони паём”, №4, 27.01.2021