Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сарҳад

Дар шаҳри Душанбе музокирот байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Ин музокирот давоми рӯзҳои 26-30 январи соли 2021  доир гашт ва дар ҷараёни музокирот Нақша-ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2021, ки вохӯриҳои ҳармоҳаи тарафҳоро пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шуд.

ВКХ бо нашри як иттилоия гуфт, ки ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Аз натиҷаи музокирот Протоколи дахлдор ба имзо расид. Музокирот дар фазои дустӣ ва ҳамсоягии нек барпо гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *