Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, якчанд созишномаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ), Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъйиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо ва Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Созишномаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷид, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, вакилони мардумӣ Азиз Гиёзода ва Толибхон Азимзода муаррифӣ намуданд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бинобар маҳдуд будани маблағҳои буҷетӣ Бонки ҷаҳонӣ дар асоси арзёбии натиҷаҳои лоиҳа ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ маблағгузории дуюми иловагиро дар шакли пурра грантӣ мувофиқи мақсад шуморид.
Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳаи мазкур 2 000 000 доллари ИМА аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна таъмин мегардад.
Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст, ки анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Созишномаи мазкур ҳаммаблағгузории Созишномаи грантии D574-TJ буда, ду қисмати аввали (якум ва дуюм)-и лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-ро маблағгузорӣ менамояд.
Қисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияи нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Қисмати дуюми Лоиҳа — ин пурзӯркунии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин дар доираи ин қисмат аз ҳисоби маблағгузории дуюми иловагӣ дастгирии омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ (ординатураи клиникӣ) ба нақша гирифта шудааст.