Ҳарифони Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар лигаи чемпионҳои AFC дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), ҳамчунин ғолиби ҷуфти марҳилаи гузариш Ал-Гараф” (Қатар) – АГМК (Узбекистон) хоҳанд буд.
Ин дастаҳо, ки дар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии лигаи лигаи чемпионҳои AFC муайян шуданд, шомили гурӯҳи “А” мебошанд ва бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ дар ин мароисм даҳ гурӯҳ таъсис дода шуд. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи сатҳи аввали Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб ба таври мутамарказ аз 14 то 30 апрел, дар Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май баргузор мешавад.
Тибқи муқаррароти низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ва 6 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба даври 1/8-финал роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои AFC-2021:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»:
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Гарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон).
Гурӯҳи «В»:
«Шарҷа» (АМА), «Трактор» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Ваҳда» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ).
Гурӯҳи «С»:
«Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистони Саудӣ), «Истиқлол» (Эрон), «Ал-Шорта» (Ироқ).
Гурӯҳи «D»:
«Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Фулод» (Эрон) – «Ал-Айн» (АМА).
Гурӯҳи «Е»:
«Персеполис» (Эрон), «Ал-Райян» (Қатар), «Гоа» (Ҳиндустон), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Ваҳда» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «F»:
«БГ Патхум Юнайтед» (Тайланд), «Улсан Хёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ), «Виеттел» (Ветнам), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Бэйсзин» (Чин) – «Брисбен Роар» (Австралия)/«Кайя Илоило» (Филиппин).
Гурӯҳи «G»:
«Сзянсу Сунин» (Чин), «Нагая Грампус» (Ҷопон), «Ҷоҳор Дарул Тазим» (Малайзия), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Пхохан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Ратчабури» (Тайланд).
Гурӯҳи «Н»:
«Чонбук Хёндэ Моторс» (Ҷопон), «Гамба Осака» (Ҷопон), «Тампинес Роверс» (Сингапур), «Сидней» (Австралия).
Гурӯҳи «I»:
«Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Гуанжоу» (Чин), «Юнайтед Сити» (Филиппин), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Чианграй Юнайтед» (Тайланд).
Гурӯҳи «J»:
«Шандун Лунэн» (Чин), «Тай Порт» (Тайланд), «Китчи» (Ҳонг Конг), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Сересо Осака» (Ҷопон) – «Мелбурн Сити» (Австралия)/«Шан Юнайтед» (Мйанма).