Тавре қаблан хабар дода будем, Маҷлиси Намояндагон тарҳи қонуни нав “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”- ро қабул кард.
Тарҳи қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”-ро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар муаррифӣ карда гуфт, ки ҳамасола дар кишвар то 60 ҳазор нафар ҷавон дар синни хизмат аст, аммо танҳо 10%-ашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи шералӣ Мирзо тибқи ин тарҳи қонун афроди боқимонда бо пардохти маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Ҳамзамон, бар асоси тарҳи нави ин қонун, ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутбаи ҳарбӣ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамзамон зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт: “минбаъд ба ниҳодҳои қудратӣ аз қабили прокуратура, суд, коррупсия, ва гумрук танҳо афроде ба кор гирифта мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ карда бошанд”.
Аз сӯи дигар Шоҳмуроди Рустам раиси кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқии мудофиа ва амният гуфт, ки “мутобиқи моддаи 41 лоиҳаи пешниҳодшуда се намуди асосии хизмати ҳарбӣ – хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнок, ихтиёрӣ ва хизмати ҳарбии музднок дар ҳайати захираҳои давати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст”.
Ёдовар бояд шуд, ки дар кишвар даъвати наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамасола ду маротиба – баҳору тирамоҳ сурат мегирад. Тибқи қонун ба хизмат дар сафи артиш ҷавонони синни аз 18 то 27 сола даъват мешаванд.
Саидов Ш.,
Радиои “Тоҷикистон”