ТАСС: Ҳукуматдорони Ҷопон хабари банашррасонидаи рӯзномаи британии Times-ро дар мавриди имкони лаѓви баргузории бозиҳои олимпӣ дар Ҷопон рад кардаанд.
Ин маълумотро муовини котиби генералии кабинаи вазирони Ҷопон Манабу Сакаи дар нишасти матуботӣ ироа дошт. Қаблан рӯзномаи британӣ бо такя ба сарчашмаи хабарии худ дар Ҳукумати Ҷопон навишта буд, ки бинобар сабаби пандемия хукуматдорони Ҷопон ба он назаранд, ки ин бозиҳо ба вақти дигар гузаронида шавад.
РИА Новости: Шумори сироятёфтагони короанвирус дар ҷаҳон ба 97,5 млн наздик мешавад.
Тибқи иттиллои Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс дар тамоми ҷаҳон то имрӯз 97 492 072 тан ба коронавирус олуда шудаанд. Шабонарӯзии гузашта шумораи сироятёфтагон боз 2 089 455 тан зиёд гардид. Беш аз 69 млн тани дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия дар рӯйхати кишварҳои зиёд олудагардида се мақоми аввалро мегиранд.
Холиқзода М.,
Радиоии “Тоҷикистон”