Темур Раҳимов кист ва дар World Masters чӣ тавр ҳунарнамоӣ кард?

Се варзишгари тоҷик – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар доир гашт, даъват шуда буданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа Сомон Маҳмадбеков бо чемпиони Гран При Будапешт-2019 Акил Гяков аз Косово ҳунарнамоӣ карда, дар вақти изофа Акил Гяков бо бартарияти як имтиёз ба даври дуюм роҳ ёфт.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз рақиби худ Виктор Стерпу – қаҳрамони феълии Аврупо дар даври якуми мусобиқаи Мастерс мағлуб шуд. Тавре сомонаи “Варзиш” мегӯяд, рақобатро Беҳрӯз хело хуб оғоз кард, аммо Виктор Стерпу паҳлавони тоҷикро буғӣ карда, роҳхати даври дуюмро ба даст овард.

Аммо дар рӯзи баъди бахт ба рӯйи варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов хандид ва ӯ тавонист, ки дар рақибаш аз кишвари Австрия – Стефан Ҳейгиро дар “голден-скор” бо иҷрои “окури-аши” сарафканда кунад.

Тавре гуфта мешавад, “дар сонияҳои аввали рақобат Темур Раҳимов ба рақиб ҳамла мекард. Натиҷаи ин ҳамлаҳо буд, ки Ор Сассони исроилӣ хаставу бемадор гардид ва дар сонияҳои охири рақобат ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов пирӯзӣ ба даст овард. Пас аз ин пирӯзӣ Темур Раҳимов ба даври 1/4 ниҳоии мусобиқаи «Doha Masters 2021» роҳи хешро ҳамвор кард”.

Темур Раҳимови 23 сола дар даври 1/4 ниҳоии рӯзи сеюми мусобиқаи Мастерс бо ҷудокори рус Инал Тасоев рақобаташро идома дод, вале дар сонияҳои охири рақобат бо як усул варзишгари рус пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов пас аз бохт фурсати ба даст овардани медали биринҷиро дошт.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври тасаллобахш бо Ким Минёнги кореяигӣ ба майдон баромад ва рақобати ҷудокорон бисёр тезутунд ҷараён гирифт, лек ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов бо иҷрои усули “осакоми” рақиби хешро мағлуб кард.

Тавре сомонаи judo.tj нақл мекунад, ҳамин тариқ барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ Темур Раҳимов  бо дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2015, ғолиби Чемпионати ҷаҳон-2016 миёни ҷавонон, намояндаи Украина – Яков хаммо рӯ ба рӯ шуд. Мутаасифона дар ин рақобати ҳалкунанда Темур РАҲИМОВ бо дарёфти вазари шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Тибқи низомномаи мусобиқаи «Мастерс» ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад. Дар ин вазн барандаи медали тилло Тедди РИННЕР ва нуқра Инал ТАСОЕВ гардиданд.

Дар бораи Темур Раҳимов илова кардан ба маврид аст, ки ӯ дар 64 муҳориба 38 пирӯзи ба даст овардааст. Дар раддабандии ҷудоистони ҷаҳон миёни 2060 нафар ҷойи 23-ро соҳиб аст.

Ҳамин тавр, мусобиқаи “Doha Masters 2021” хотима ёфт. Барои мунтахаби ҷудои Тоҷикистон натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод. Гуфта мешавад, ки шаҳри Доҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи “World Masters” мегардад ва  дар ин мусобиқа 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлат иштирок хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *