Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 20 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Аз ҳудуди вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 108 ҳазор тонна тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2019-ум қариб 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Тавре дар маълумоти мақомоти вилоят омадааст, аз ҳаҷми қайдшуда 89,4 ҳазор тоннаро содироти пиёз ташкил дода, содироти дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева ва лимӯ (7400,9 тонна), полезӣ (63 тонна), дигар намуди сабзавот (2481,9 тонна) ва меваи хушк ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Литва низ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҳаҷми умумии содирот 22599,7 тонна тавассути нақлиёту ҳавопаймо ва 85406,5 тонна ба воситаи қаторҳои роҳи оҳан, аз ҷумла 22826,4 тоннаи он тариқи роҳи оҳани вилояти Хатлон содирот карда шудааст.
Ба қавли мутахассисон, дар сурати бунёди шумораи бештари марказҳои логистикӣ, марказҳо ва коргоҳҳои банду басти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо дар вилояти Хатлон соҳибкорон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам намуда метавонанд. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт манфиатовар буда, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.