Бобоқулзода Назарро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора барои як қатор амалҳои коррупсионӣ дастгир карданд.
Ба иттилои Агентӣ гумонбар, моҳи марти соли 2019 аз шаҳрванд Муродов К., барои ба манифаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, 23 000 сомонӣ ҳамчун пора гирифтааст. Инчунин, ӯ моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Алимназарова С.А. даромада, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус 5 039 сомонӣ ришва талаб карда гирифтааст. Бо ин иктифо накарда Бобоқулзода Н. бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Бобомуродов Р. 100 000 сомонӣ ҳамчун пора гирифтаааст.
Бояд гуфт, ки Бобоқулзода Назар солҳои 2009 ва 2015 низ барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд.