Шаби 13 ба 14 январи соли 2021, соати 01:40-и вақти маҳаллӣ астероиди нав бо номи 2020 WU5 аз назди Замин мегузарад.
Дар ин бора директори Институти астрофизикаи АМИТ ба «Ховар» гуфтааст, ки мадори ҳисобшудаи астероид нишон медиҳад, ки он ба Замин наздик шуда метавонад ва дар асоси моделсозии ҳаракати астроид солҳои 1900 то 2094 астероид зиёда аз 60 маротиба бо масофаҳои гуногун ба Замин аллакай наздик шудааст ва дар оянда низ наздик хоҳад шуд. Андозаи ин астероид тахминан 1 км мебошад. Бо назардошти наздикшавӣ ба Замин ва ҳамин андоза ин ҷирми кайҳонӣ ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок ба Замин дохил мешавад.
Ба қавли директори Институт «наздикшавии навбатии астероид ба Замин шаби 13 ба 14 январи соли 2021, соати 01:40-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд. Дар ҳамин лаҳза масофаи байни астероид ва Замин 8.1 миллион километрро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 20 маротиба зиёд мебошад. Олимон чунин меҳисобанд, ки наздикшавӣ дар чунин масофа бархӯрдро бо Замин ба вучҷуд намеорад. Бинобар ин, таҳдиди астероид ба Замин шаби 13-14 январ хеле ночиз буда, бархӯрди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад».
Бино ба маълумотҳои АМИТ астероиди нав бо номи 2020 WU5 29 ноябри соли 2020 бо ёрии телескопи кайҳонии Неовайз кашф шудааст. Пас аз коркарди аксҳо маълум гардид, ки астероиди нав ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ («Аполлон») дохил шуда, бо номи 2020 WU5 дар махзани маълумоти астрономии ҷаҳонӣ қайд гардидааст.