Имрӯз 31 декабр, панҷшанбе, охирин рӯзи соли 2020 аст.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 31 декабр ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 хунук, рӯзона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 хунук мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешаваду дар водиҳои вилояти Суғд шабона 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.
Ҳарорати ҳавои шаҳри Хоруғро обуҳавошиносон камабри бебориш мегӯянд. Ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб шабона 30-32° хунук, рӯзона 12-14° хунук мешавад. Дар умум, дар ғарби ВМКБ шабона 7-12 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 30-35 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 45-50 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.Дар шаҳри Кӯлоб бошад, шабона 5-7° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.Ҳамин тавр, ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 5-10° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 4-9 хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА – 11.3000 сомонӣ;
1евро – 138934 сомонӣ;
ва 1 рубли русӣ 0,1506 сомонӣ муқарар шудааст.
Бояд донист, ки қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
31 декабри соли 1925 бо қарори ҳайати раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи ТАСС (Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ) дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки баъдан шуъба мақоми Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном карда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст;
Шаҳри Душанбе дар ҳамин рӯзи соли 1930 бо оби ошомиданӣ таъмин гашт;
Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1942 дар пойтахти кишвар аввалин колеҷи касбӣ – техникӣ кушода шуд;