Ахбори ВКД: Дуздии 44 қутии “Ченч” ва буғӣ кардани соҳибхона

Ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКД ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 44 қутии сигори тамғаи “Ченч”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расонидани зан дар хонааш

26 декабри соли 2020 дар хонаи истиқоматӣ зани 52-солаи сокини шаҳри Ҳиссорро шахси номаълум бо роҳи буғӣ ба ҳалокат расонидааст.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбар ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор муайян карда шуд. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “и”, “л” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *