Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Анҷумани ин созмони адабӣ баргузор шуд. Ибқи рӯзномаи ҷалса интихоби риси нави Иттифо аз бандҳои асосии он маҳсуб меёфт. Бо интихоби аксари ширкатдорон Низом Қосим, шоири шинохтаи тоҷик дигарбора раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.
Низом Қосим бори аввал дар Анҷумани 14 – уми Иттифоқи нависандагон, ки 29 – 30 июни соли 2015 барпо шуда буд, раиси ин ниҳод интихоб шуд ва акнун маротибаи дуюм роҳбарии ин созмони адибони кишварро бар уҳда гирифт.
Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 15 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меравад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад. Дар гузашта бархе расонаҳо нав шудани раиси ИНТ – ро пешбинӣ карда буданд. Аммо тибқи оинномаи ин ниҳод, як нафар ҳақ дорад ду маротиба раис интихоб шавад.
Низом Қосим (Пури Ҷаҳонгир) 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №9 ш. Норак, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро бо ихтисоси филолог – журналист хатм намудааст.
Дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», шуъбаи танқиди маҷаллаи «Садои Шарқ», Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб» кор кардааст. Солҳои 2006 – 2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» буд. Аз соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Хӯшаи шеър» (1984), «Хуни ситора» (1988), «Паровар» (1990), «Қаламҳой» (1997, 1998), «Барги саломи сабз» (2002), «Тафсири панҷ оҳ» (2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (2008), «Кӯҳи садо» (ба хатти форсӣ, 2010), «Хомасӯзан» (2014), маҷмӯаҳои мақолаву очеркҳои «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (2013), «Дили дарё» (2013), «Чорсӯ» (2013, 2014), «Аз ассалом то вассалом» (2014), «Бо сӯзҳо то созҳо» (2014) мебошад.
Асарҳои саҳнавӣ низ менависад, ки «Тилгиром», «Амир ва асир» (манзум), «Борони ашк» («Куруш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Дар заминаи либреттоҳояш «Рустам ва Суҳроб» (оҳангсоз Талаб Саттор), «Борбад» (оҳангсоз Мустафо Бафоев), «Кони пурганҷ» (оҳангсоз Шуҳрат Ашӯров) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду опера ва як оперетта таҳия гардидааст.
Мақолаҳои илмии оммавиаш – «Чаҳорҷӯи шодоб», «Равон магзар зи ҳар сатраш чу хома…», «Норавониҳои шеъри равон», «Фарзанди мост шеър…», «Давоми ду тақриз», «Абри эҳсони Худованд», «Меҳру сеҳри нақди шеър», «Гӯӣ осонаш, валекин нест осон гуфтанаш…», «Тақвими раҳгум», «Як соли нашрияи миллӣ», «Қонуни абадияти адабиёт», «Нусхаи оҳангар аз офаридаи заргар», «Дар сухан пинҳон ба мисли бӯи гул дар барги гул» ва ғ. бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқашон ҷолибанд.
Дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устодон Айнӣ, Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Бозор Собир, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар, Гулрухсор, Сайф Раҳим, Атахон Сайфуллоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳилолиён Аскар, Нозирҷон Боҳирӣ, Насим Раҷаб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Абдуманнони Насриддин, Абдувалӣ Даврон, Рустам Ваҳҳоб ва дигарон мақолаҳо навиштааст.
Ба эҷоди адибони насли ҷавонтар таваҷҷуҳи хоса дорад ва навиштаҳояш дар бораи бурду бохти эҷодиёти Озарахш, Ҳоруни Роъун, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдусаттори Раҳмон, Маҳтоб, Санавбар, Робия, Парда Ҳабиб, Сайёди Ғаффор, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Илҳом Юнусов, Баҳром Раҳматзод ва дигарон далели онанд.
Намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд.
Гулру Ниёззода,
Радиои “Тоҷикистон”