«Афкор»: Таҳкими системаи гармидиҳӣ яке аз василаҳои сарфаи неруи барқ

Дар пайи тарғиботи густурда баҳри сарфаву сариштакории нерўи барқ Абураҳмон Раҳмонов, рўзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ аз фаъолияти нобасомони хатҳои гармидиҳӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки ба гуфтаи ў ин метавонад дар роҳи пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи нерўи барқ халал ворид намояд. Мавсуф дар матлаби худ хотиррас шудааст, ки: «…аз ҷумла, дар маҳаллае, ки ман истиқомат мекунам, дар ҳамаи ҳуҷраҳо эҳсос мешавад, ки об аз системаи маркази барқу гармидиҳӣ ба батареяҳо бо ҳарорати хеле паст интиқол дода мешавад. Ману ҳамсояҳоям барои гарм кардани хонаҳо аз асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ истифода мекунем» – илова кардааст ў.
Абдураҳмон Раҳмонов дар робита гуфтааст: Бадеҳист, ки дар натиҷаи истифода аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ харҷи истифодаи нерўи барқ зиёд гардида, ба буҷаи оила таъсири манфӣ мегузорад. Новобаста ба муроҷиатҳои пайвастаи мо то ҳанўз ин масъала рафъ намегардад! Муаллиф дар хотимаи матлаб суол гузоштааст, ки: «Будани ин гуна ҳарорати паст дар батареяҳо чӣ лозим, вақте ки маҷбурем аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ истифода барем?»
Марҳабо Мирзоева, як сокини пойтахт нахустин шуда дар қисмати шарҳи ин малаб бо такя ба гуфтаҳои муаллифи он навиштааст: Дар воқеъ, батареяҳои ҳуҷраи истиқоматии мо ҳам эҳсос мешавад, ки вақтҳои охир чандон гармӣ намедиҳад. Мо ҳам маҷбур шудем, ки баъзан аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ истифода барем. Ҳоло мутаассифона, ҳам пули системаи гармидиҳиро пардохт мекунем ва ҳам пули барқи барои таъмини гармӣ истифодашударо, ки ин хароҷоти моро дучанд кардааст.
Муҳиддин Ғиёсов, як истифодабаранда мушаххасан иттилоъ додааст, ки айни ҳол чунин вазъ дар системаи гармидиҳии воқеъ дар маҳаллаи 84-уми пойтахт сареҳан мушоҳида мегардад.
Дар пайи шикояти чанд сокини пойтахт аз ин вазъи нигаронкунанда, ки моҳиятан такрори ҳамдигаранд ва лозим надонистем ҳар яки онро ба таври алоҳида қайд кунем, Баҳодур Раззоқов, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ин андешаро баён доштааст, ки: Масъулони марказҳои гармидиҳӣ ҳеҷ масъулиятро эҳсос намекунанд, ҳатто дар матни шартномае, ки худашон омода кардаанд, ҳеҷ зикре дар хусуси дараҷаи таъмини гармӣ ва мавсиму вақти он нарафтааст.
Ба гуфтаи Диловар Шаҳобиддинов далелҳои ҷавобгў набудан ба талабот на танҳо дар системаи гармидиҳӣ, балки дар таъмини барқ низ вуҷуд дорад. Ман борҳо таҷриба карда дидам, дараҷаи маъмулии барқ, ки ба ҳуҷраҳо пайваст шудааст, одатан бояд 220 волт бошад, аммо ҳар боре, ки тавассути асбоби барқченкунӣ ҷараёни онро месанҷам, 160 волт нишон медиҳад.
Раҷабалӣ Холов ва Нозанин Ғайюрова иллатро дар фарсудагии батарея дониста, ба муаллифи матлаб тавсия додаанд, ки навашро бихарад. Аз ҷумла, Нозанин ба шикояти то чанде пеши сокинон аз набуди барқ дахл намуда, гуфтааст: То дирўз аз меъёри барқ, ки рўзонаҳо дастрас набуд, изҳори норизоятӣ мекардем, ҳоло ба системаи гармидиҳӣ часпидем. Бадеҳист, ки ин мушкили фардист ва бояд ҳар як сокин худаш батареяҳояшро ташхис кунад, ки фарсуда шудаанд ё на.
Аммо Абдураҳмон Раҳмонов, муаллифи матлаби мавриди баҳс хитоб ба ин бонуи корбар навиштааст: Агар иллат дар системаи гармидиҳии ҳуҷраи ман бошад, бигзор, аммо ҳамсояҳоям, ки аксарашон батареяҳои нав насб кардаанд низ ҳамин ҳолро доранд, яъне ҳуҷраҳояшон гарм нест! Аз ин рў, фикр мекунам, сабаби субъективӣ вуҷуд надорад. Танҳо гармиро бо дараҷаи паст интиқол дода истодаанду халос. Зиёд нафароне ҳастанд, ки шикоят доранд.
Лоҷувард Саломатхонова, яке аз ширкаткунандагони баҳси мазкур иброз доштааст: Вақте ки вазъ ҳамин гуна аст, барои чӣ мо пул супорем? Хонаҳо хунук, маҷбур мешавем, ки бухорӣ, яъне печка шинонем.
Дар тақвияти ин андеша, Нозиён, як корбари дигар афзудааст: Ҳоло моҳе сипарӣ нагардида, пулчинакҳо дари ҳуҷраҳоро мекўбанд. Маблағи гармиро супор!
Дар пайи ин шикоятҳо Раҳмоналӣ Ҳусайнов, яке аз мубоҳисон овардааст: Ин ҳолат дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ҳам бараъло мушоҳида мегардад. Масалан, ҳаво камтар сард шавад, дар ҳуҷраҳои истиқоматӣ ҳам эҳсоси сардӣ мекунем.
Наргис Ғайратова, яке аз омилҳои дигарро пеш овардааст, ки сабаби пастии ҳарорат дар системаҳои гармидиҳии дохили ҳуҷраҳо мегардад, яъне тоза накардани ҳавои дохили он. Аз ин рў, ба муаллиф пешниҳод кардааст, ки кам-кам ҳавои дохили батареяҳоро берун барорад.
Нуралӣ Шарипов, корбари дигар дар хотимаи баҳси мазкур гуфтааст: Лўлаҳои солҳои шўравӣ насбгардида аллакай аз занг, ки онро намак ҳам мегўянд, пур шудаанд. Дар натиҷа қутрашон хурд шуда, об дар он суст гардиш мехўрад. Азбаски фишори об паст аст, гармӣ кам мешавад. Агар дар ҳамаи ҳуҷраҳои бино лўлаҳои нав пайваст кунанд ва радиаторҳои нав часпонанд, гармӣ ба дараҷаи кифоя таъмин хоҳад шуд.

Дилшоди Муҳаммад

масъули бахши “Афкор”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *