Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои давлату миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Истиқлолият дар тақдири халқу кишвар ва зарурати ҳифзу арҷгузории он сухан карданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, дар партави он имкониятҳои фарох барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам омадааст.

Дар ҷараёни ҷамъомад инчунин аз нақши созандаи ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлол, рушди ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ёдоварӣ шуд. Таъкид гардид, ки тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Дар охир ба як қатор кормандони соҳа мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.