Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон Томаш Коллат мулоқот карда, масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти корӣ дар самти меҳнатро баррасӣ карданд.
Ба иттилои вазорат дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвият бахшидани фаъолияти корӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дарёфти раводид барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин, ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тақвияти ҳамкориҳои муштаракро барои таҳкими робитаҳои дӯстии Тоҷикистону Лаҳистон муҳим арзёбӣ намуданд.