Бар асоси шартномаи тарафайни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия 737 тонна тухмии гандум ба кишвар ворид шуда истодааст.
Бо мақсади гузаронидани кишти гандуми тирамоҳӣ дар соли ҷорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ тибқи шартномаи тарафайн бо ҶДММ «Агрохмел»-и Федератсияи Расия аз 06.08.2020, №69/08-2020 ва «70/08-2020 ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии навъҳои «Московская-39», «Московская-56 ва «Мироновская-808» гурӯҳи элита ворид намуда, ки то ба имрӯз 355 тоннаи он дар асоси шартнома ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас шуда, тақсимот идома дорад. Дар ин бора сомонаи Вазорати кишоварзӣ бо такя ба маълумоти раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №441 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №258 «Дар бораи қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ» бо тариқи фонди давлатии тухмӣ дар асоси шартномаи тарафайн бо танусуби фоизи маблағи пешпардохтро ба андозаи 70 фоиз ва 30 фоизи маблағро баъди ҷамъоварии ҳосил пешниҳод менамояд ва он 6 (шаш) сомониро ташкил медиҳад.