Барои хӯроки гарми яквақтаинаи мактабҳо равған тақдим намуданд

Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои 52 муассисаи таълимии кишвар равғани растанӣ барои хӯроки гарми яквақтаина тақдим намуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ 180 тонна равғани растаниро ҳамчун кӯмак баҳри амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ барои хонандагони синфҳои 1-4-и 2000 муассисаи таълимии 52 шаҳру ноҳияи кишвар тақдим намуда, ваъда додааст, ки то охири соли 2020 123 тонна равғани растанӣ ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд. Марико Кавабата – иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон Ҳамчунин гуфтааст, ки тибқи нақша мо имсол бояд 303 тонна равғани растаниро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҳамчун кӯмак тақдим намоем. Ин кӯмак барои беҳтар гардонидани ғизои мактабие, ки ба кӯдакони аз синфи 1 то 4 дода мешавад, сарф хоҳад шуд. Дар баробари ин, мо тасмим гирифтаем, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхона, нонвойхона ва гармхонаҳои мактабиро бунёд намоем, инчунин ошхонаҳои қаблан вуҷуддоштаро таъмир ва бо таҷҳизоти нави муосир таъмин созем. Умедворам, ки дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ якҷоя бо шарикони рушд ба натиҷаҳои назаррас ва муфид даст хоҳем ёфт.

Гуфта мешавад, ки Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон аз соли 2012 барои эҳё ва амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия фаъолият мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *