Имрӯз – панҷшанбе, 17 декабри соли 2020. Камтар аз ним моҳи дигар тақвими соли 2021 оғоз мешавад.
Обу ҳаво
Ҳаво имрӯз дар вилояти Суғд тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад. Дар маркази вилоят бошад, шабона 0-2° хунук, рӯзона 2+4° гарм пешгӯӣ шудааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои шаҳри Хоруғ шабона 12-14° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Ноҳияи Мурғобро шабона 27-29° хунук, рӯзона 15-17° хунукии ҳаво интизор аст. Ҳамин тавр, ҳаво ғарби ВМКБ шабона 9-14 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 1-6° хунук, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 25-30° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 39-44 хунук, рӯзона 13-18° хунук мешавад.
Сокинони вилояти Хатлонро имрӯз ҳавои камабри бебориш интизор аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 5-10 хунук, рӯзона -2+3° мешавад. Шаҳри Бохтар бошад, шабона 4-6° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Ба иттилои обуҳавошиносон дар шаҳри Кӯлоб ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Тавре Агентии обуҳавошиносӣ хабар додааст, дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, тумани суст мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Дар умум, дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш буда, дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 15-17 хунук), рӯзона -2+3°, (дар ноҳияи Лахш то 5-7 хунук) мешавад.
Қурби асъор
Имрӯз 1 доллари ИМА баробар ба 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7781 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1535 сомонӣ баробар аст.
Тибқи огоҳии БМТ қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
– 17 декабри соли 1940 Театри мусиқӣ ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ивази ном кард. Дар ин бора боз илова мекунем, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ соли 1935 дар асоси Қарори Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфт. Соли 1940 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон театри номбурда Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номнавис мешавад. Соли 1954 театр бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон театр ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд. Соли 1941 театр бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Аввалин операи тоҷик соли 1939 «Шӯриши Восеъ» либретои Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ, мусиқии оҳангсоз Сергей Баласанян рӯи саҳна омад;
– Як сол пеш дар ҳамин рӯзи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
– Агентии милии иттилоотии Тоҷикистон ҳамин рӯзи соли гузашта хабар дод, ки дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, шоири барҷастаи асри миёнаи Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ баргузор гардид.
– Дар ҳамин рӯзи соли соли 1965 ғафстарин шумораи «Ню-Йорк Таймс» дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд;