Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум вакилон масъалаи кумаки башардӯстонаи Япония ҷиҳати мубориза бо COVID-19-ро баррасӣ карданд.
Зимни баррасии ин масъала таъкид гардид, ки Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ҷиҳати мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки башардӯстонаи худро дар ҳаҷми 600 млн. йени японӣ ҳамчун маблағи грантӣ мерасонад. “Санади мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония баҳри пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар мамлакат ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад”.
Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки на ҳамаи сохторҳои тандурустии мамлакат ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода мебошанд ва омили мазкур, аз ҷумла бо дарназардошти нарасидани мутахассисони касбӣ дар минтақаҳои дурдаст, ҳолати ғайричашмдошти якчанд инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ ба амал омадааст. Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шӯравӣ то имрӯз мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхису табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмӯӣ талаб менамояд.