Ангуштарии “Oura” соҳибашро аз сироятшавӣ огоҳ мекунад

SONY DSC

ТАСС. Биологҳо дар Боливия эълон доштанд, ки дар ин кишвар 20 намуди нави ҳайвонро дарёфт кардаанд, ки то имрӯз барои илм ноошно будаанд. Миёни онҳо, аксаран, морҳои кӯҳӣ ва қурбоққаҳо мебошанд, ки бештарашон заҳри қотил доранд. Олимон, ҳамчуни   қурбоққаи лилипутро дарёфтанд, ки аз 1 см хурдтар мебошад.


ТАСС. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ эълон доштааст, ки ҳафтаи гузашта рекорди нав вобаста ба сирояти коронавирус дар ҷаҳон гузошта шуд. Тибқи иттилои ин ташкилот аз 7 то 13 декабр дар ҷаҳон  4 329 927 ҳодисаи нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаву дар ин муддат 75 038 бемор фавтидаанд.  Гуфта мешавад, ки шумори зиёди гирифторон (85%) дар кишварҳои Амрико ва Аврупоӣ, аниктараш мебошад. Аз рӯи иттилои Донишгоҳи  Ҷонс  Хопкинс  аз оғози пандемия то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 73,2 млн нафар ба ин беморӣ сироят ёфтаву беш аз  1,6 млн аз таъсири он фавтидаанд.


РИА Новости. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия иттилоъ додааст, ки муддати як соли охир дар ин кишвар шумори муҳоҷирон то 6 млн. нафар кам шудааст. Қаблан вазорати мазкур барои сабукӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ ба баъзе аз мухоҷирон пешниҳоди худро карда буд. Ин ҳуҷҷат айни замон омода мегардад ва рӯзхои наздик ба Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федеролӣ пешниҳод мегардад.


РИА Новости. Дар Украина 40 тан аз кормандони пулис дар натиҷаи бархӯрд бо эътирозгарон дар майдони Истиқлол ҷароҳат бардоштаанд. Эътирозгарон кӯшиши таъсиси шаҳраки хаймаҳоро намуданд. Гирдиҳамоигарон аз чораҳои маҳдудкунӣ бинобар хурӯҷи пандемияи коронавирус дар кишвар норозӣ мебошанд.


Корреспондент. Дар Арабистони Саудӣ танҳо дар рӯзи аввали эълони ваксинагузаронӣ беш аз 100 ҳазор худро номнавис кардаанд. Ба аҳолӣ барои номнавис кардан барномаи махсуси мобилӣ пешниҳод шудааст. Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ 15 декабр дар бораи оғози  ваксинакунии аҳолӣ иттилоъ дода буданд. Ваксина аввалтар аз ҳама ба шахсони аз 65 сола боло гузаронида мешавад. Баъдан ба онҳое, ки аз рӯи фаъолияти корӣ сироятёбӣ ба онҳо бештар таҳдид мекунад ва одамоне, ки бемориҳои музмин доранд. Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз 360 013 тан ба ин беморӣ мубтало гардидаву аз ин ҳисоб 6 059 тан фавтидаанд.


ТАСС. Шаҳрдори Парижро бо сабаби нобаробарии занону мардон дар сатҳи макомоти роҳбарикунандаи шаҳр ба  маблағи 90 ҳазор евро ҷарима бастаанд. Аз рӯи қонун намояндагони як ҷинс наметавонад, ки аз 60 фоиз бештари вазифаҳои роҳбарикунандаро дар як мақомот соҳибӣ намоянд. Аммо дар мақомоти шаҳрдории Париж аз 16 вазифаи роҳбарикунанда  11-тояшро занон соҳибӣ кардаанд, яъне дар ин макомот 69 фоизи вазифаҳои роҳбарикунанда дар дасти занҳо будааст.


Корреспондент. Аввалин ангуштарии ҳушманд ихтироъ гардид, ки инсонро аз пайдоиши нишонаҳои аввалини бемории зуком ва коронавирус огоҳ месозад. Олимони финӣ ангуштарини “Oura”-ро баровардаанд, ки ҳарорати бадани инсон тарзи кори калб ва нафаскаширо хамеша нишон медиҳад. Дар даври санҷишии ин ангуштарин беш аз 65 ҳазор хоҳишманд иштирок кардаанд.


РИА Новости. Дар Ҷопон баъд аз пайдоиши бемории зукоми парранда ба нест кардани мурғҳо пардохтанд. Гуфта мешавад, ки аз 47 перефектураи Ҷопон дар 11- тои он ин вирус паҳн шудааст. Дар Коти  ва Кагаве, ки аввалин ҳодисаҳои пайдоиши ин вирус ба қайд гирифта шудааст 32 ва 29 ҳазор мурғон нобуд карда шудаанд.

Таҳияи

Моҳшариф Холиқзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *