5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон месупоранд.
Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад, ки аз 15 то 17 декабр аз шаҳри Бохтар 267 нафар, шаҳри Кӯлоб- 270 нафар, шаҳри Левакант-271 нафар, ноҳияи Балҷувон- 218 нафар, ноҳияи Темурмалик- 280 нафар, ноҳияи Данғара- 266 нафар, ноҳияи Восеъ- 286 нафар, ноҳияи Фархор-265 нафар, аз ноҳияи Ҳамадонӣ 228 нафар ва дар умум 5464 нафар хатмкунанда имтиҳони озмоишӣ месупоранд.
Қайд карда шудааст, ки коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокдор равона карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкурро масъулин пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонист.