Посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар ноҳияи Шахритус дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон навсозӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки барқорорсозии иншооти посгоҳ 12 моҳ идома карда, маблағи лоиҳавии он 995 ҳазор доллар ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи постгоҳ бо ғунҷоиши 40 марзбон ва ҳамчунин ҷой барои таҷҳизоти техникӣ ва ҷой барои гузаронидани омӯзишҳои касбӣ пешбинӣ шудааст, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар додаанд, лоиҳаи нав оид ба баркарорсозӣ ва азнавсозии посгоҳ аз ҳисоби Раёсати Созмони миллали муттахид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва сафорати ИМА дар Душанбе ба роҳ монда мешавад.