Роналду, Месси ва Левандовски. Беҳтарин футболбози сол кӣ мешавад?

ФИФА барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози соли 2020 сегонаи номзадонро пешниҳод кардааст, ки ба ин рӯйхат ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина ва дастаи «Барселона» -Лионел Месси ва форварди мунтахаби Лаҳистон ва тими «Бавария» – Роберт Левандовски ворид мешаванд.

Тавре сомонаи «Варзиш» мегӯяд, барои ҷоизаи ФИФА ба ҷуз аз ин се нафар, ҳамчунин ниммуҳофизатгари дастаи “Ливерпул”-Тяго Алкантара , ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Манчетер Сити” -Кевин де Брейне , ҳуҷумкунандаи сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” -Садио Мане , ҳамлавари дастаи “Пари Сен-Жермен” – Килиан Мбаппе , сарвони тими милли Бразилия – Неймар Ҷуниор, дифоъгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” -Серхио Рамос, ҳамлавари мисрии дастаи “Ливерпул” -Муҳаммад Салоҳ ва муҳофизатгари тими миллии Ҳолланд – Вирҷил ван Дейк довталаб буданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Месси дар соли гузашта барои бори шашум беҳтарин бозигари сол эълон шуда буд. Роналду  бошад, панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи ФИФА эътироф шудаанд. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2020 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми декабр доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор мешавад. Ҳамчунин дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин дарвозабон, беҳтарин сармураббӣ , беҳтарин футолбоззан ва беҳтарин футболбози сол муайян карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *