Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкорон G10 маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид. Дар он ғолибони озмун барои фаъолияти самаранок, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи ташаббусҳои созанда дар соҳаи соҳибкорӣ қадрдонӣ шуданд.
Озмуни «Соҳибкори сол» бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои истеҳсолӣ, рушди фазои соҳибкорӣ ва муаррифии таҷрибаи пешқадам дар ин самт баргузор мегардад.
Таъкид шуд, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши назаррас дорад.
Баргузории чунин озмунҳо имкон фароҳам меорад, ки дастовардҳои соҳибкорони муваффақ муаррифӣ гардида, таҷрибаи онҳо барои дигар намояндагони бахши хусусӣ намунаи ибрат бошад. Ҳамзамон, ин иқдом ба таҳкими рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ ва тақвияти саҳми бахши хусусӣ дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад.
