Рӯзи 14 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ба кори худ оғоз намуд.
Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз Форуми “Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, Форум оид ба рушди фондҳои сармоягузории венчурӣ дар Тоҷикистон, чорабиниҳои параллелӣ -“Занҳо – соҳибкорон дар иқтисоди рақамӣ: аз малакаҳои рақамӣ то рушди тиҷорат ва имкониятҳои нави иқтисодӣ”, “Душанбе аз дурнамо ба сармоягузорӣ” иборат мебошад. Ҳамчунин намоиши дастовардҳои соҳибкорон ва молу хизматрасониҳо низ ташкил карда шудааст.
Дар доираи форум намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, стартапҳо ва намояндагони экосистемаи венчурӣ барои баррасии имконияти нави сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳамкории нав ҷамъ омадаанд.
Форум инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид хоҳад кард.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
