Дар Тоҷикистон форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» ба кори худ оғоз кард. Он аз 13 то 18 октябр бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Форумро ректори донишгоҳ Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, аҳамияти муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба ва омода кардани мутахассисони соҳибихтисосро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид кард.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ аз дурнамои рушди сайёҳӣ, ғановати мероси таърихию фарҳангии кишвар ва зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба ин соҳа ёдовар шуд.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши сайёҳӣ иштирок доранд. Шумораи меҳмонон тақрибан ду ҳазор нафарро ташкил дода, онҳо аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҳифзи мероси фарҳангӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳии устувор мебошад.
Дар доираи чорабинӣ баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳои илмӣ, экспедитсияҳои сайёҳӣ, фестивалҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Иштирокдорон масъалаҳои рушди сайёҳии экологию деҳотӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои рақамиро баррасӣ мекунанд.
