Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии чорабинӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, дар конфронс намояндагони давлатҳои иштирокчӣ масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои 20-уми Делфиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки Бозиҳои Делфӣ барои шиносоӣ бо фарҳангу ҳунари якдигар, мубодилаи таҷриба ва дастгирии маҳорати ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат мекунанд.
Гуфта шуд, ки дар ин бозиҳо иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи 10 номинатсия ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
