Намояндаи Тоҷикистон Зубайр Каримов дар фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN», ки рӯзҳои 17–20 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуд.
Ӯдар баробари ҳунармандони кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Озарбойҷон ҳунари худро муаррифӣ кард.
Зубайр Каримов дар озмун суруди машҳури итолиёвии «O Sole Mio»-ро иҷро карда, бо маҳорати баланди сарояндагӣ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи фестивал суруди ватандӯстонаи «Республика моя»-ро бо забони модарӣ иҷро карда, фарҳангу ҳунари миллии тоҷикро муаррифӣ кард.
Дар натиҷа, намояндаи Тоҷикистон ба ҷоизаи олии фестивал — ҷойи аввал мушарраф гардида, ҳамчунин соҳиби роҳхати ройгон ба озмуни байналмилалии «Viva Italia» шуд.
