19 ноябр дар шаҳри Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ва намоиши театрӣ баргузор шуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳамкории Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва доир гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», иштирокдорон ҷойгоҳи Робиаи Балхиро дар адабиёти тоҷику форс ва аҳамияти омӯзишу муаррифии мероси ӯ баррасӣ карданд. Донишҷӯёни руси Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва шеърҳои шоирро ба забони тоҷикӣ қироат намуданд.
Ҳамчунин, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоишеро аз рӯзгори Робиаи Балхӣ пешкаши ҳозирин карданд. Матни онро Маҷид Салим навишта, Тағоймурод Розиқов ва Шуҷоат Асадуллозода таҳияву саҳнагузорӣ намудаанд. Намоиш муҳаббат, ҷасорат ва озодандешии шоирро таҷассум кард.
Бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026–2027 ворид шудааст.
