Имрӯз дар бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва масъулони баргузории озмун иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба раванди омодагӣ ва гузаронидани марҳилаҳои озмунро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баргузории озмун бояд дар асоси шаффофият, адолат ва риояи талаботи муқарраргардида сурат гирифта, барои ҳамаи иштирокчиён шароити баробар таъмин карда шавад.
Ҳамчунин, муҳлатҳои баргузории марҳилаҳои озмун, масъалаҳои ташкиливу назоратӣ ва омодагӣ ба марҳилаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъулон вазифадор шуданд, ки ҷараёни баргузории озмунро мутобиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монда, барои таъмини сатҳи баланди ташкили он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
