Имрӯз ҳайати варзишии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои XX тобистонаи Осиёӣ ба Ватан баргашт. Варзишгаронро дар фурудгоҳ намояндагони соҳаи варзиш, наздикон ва мухлисон истиқбол гирифтанд.
Дар натиҷаи мусобиқаҳо ҳайати Тоҷикистон бо ба даст овардани 16 медал — 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ — дар ҷойи 22-юм қарор гирифт.
Медалҳои тиллоро дар риштаи ММА Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов ба даст оварданд. Ҷудочиён чор медал, намояндагони ММА се медал ва варзишгарони кураш се медал гирифтанд. Дар гӯштини озод низ се медал ба даст омад. Боксчиён соҳиби ду медали биринҷӣ ва намояндаи каратэ соҳиби як медал гардид.
Бозиҳои XX тобистонаи Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор шуда, дар онҳо беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қитъа иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо 99 варзишгар дар 21 намуди варзиш намояндагӣ намуд.
