Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва 35 соли Истиқлол» ба кори худ оғоз намуд.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, дар конференсия олимону донишмандони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуда, маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд.

Дар конференсия масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, қабули қонунҳо дар ин самт ва ҳифзи забони давлатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Конференсияи мазкур дар ду бахш то бегоҳи имрӯз идома меёбад.