Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 76 фоиз иҷро шудааст

Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нақшаи даъват дар рӯзи аввал дар вилояти Хатлон 76 фоиз иҷро шудааст. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Имрӯз дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар ба ин муносибат чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид. Дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо табрик намуда, таъкид кард, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ модари яке аз ҷавонони даъватшуда, Зулфия Нодирова, иброз дошт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавон мояи ифтихор буда, волидон фарзандони худро бо эҳсоси баланди масъулият ба хизмати Ватан гусел менамоянд.

Ҷовидон Юсуфов, яке аз ҷавонони даъватшуда, низ омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ баён намуда, гуфт, ки ҳифзи марзу буми Ватанро вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон медонад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони вилояти Хатлон баргузор гардида, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрикунонидашуда пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, тибқи анъанаҳои миллӣ маросими «нонгазон» баргузор шуда, ҷавонон бо дуои неки падару модарон ба хизмати Ватан гусел карда шуданд.