30 сентябр дар Иҷлосияи IX Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати ҳафтум, масъалаи номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкон баррасӣ шуд.
Дар натиҷаи баррасӣ қарор қабул гардид, ки муассисаи мазкур бо номи яке аз фарзандони маъруфи ҳамин деҳа Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзоро номгузорӣ шавад.
Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкон ба дунё омадааст. Муҳити зодгоҳ, зиндагии мардум ва муносибатҳои инсонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва эҷодиёти ӯ нақши муҳим дошта, баъдан дар осори нависанда низ инъикоси васеъ пайдо кардаанд.
Нахустин қадамҳои эҷодии Кароматуллоҳи Мирзо низ ба ҳамин муҳити зодгоҳ пайванд доранд. Ӯ ҳанӯз дар синфҳои 6–7 ба навиштан шавқ пайдо карда, аввалин навиштаҳояшро ба рӯзномаи ноҳиявии «Комуна» ирсол менамуд. Ин нашрия имрӯз бо номи «Насими айём» фаъолияти худро идома медиҳад.
Робитаи нависанда бо матбуоти ноҳиявӣ танҳо ба нашри нахустин навиштаҳо маҳдуд нашуда, дар солҳои минбаъда низ идома ёфтааст. Ӯ дар омода намудани маводи рӯзнома, чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои марбут ба санаҳои муҳими ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Ин давраи зиндагии нависанда яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули завқи эҷодӣ ва фаъолияти адабии ӯ ба ҳисоб меравад.
Кароматуллоҳи Мирзо дар тӯли фаъолияти эҷодии худ асарҳои зиёде офаридааст, ки дар миёни онҳо «Ситораи умед», «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», «Суруди муҳаббат», «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Ситораҳои паси абр» ва дигар осор ҷойгоҳи хос доранд.
Романи «Дар орзуи падар» аз ҷумлаи асарҳои маъруфи нависанда буда, бар пояи он филми бисёрқисматии ҳамном низ таҳия шудааст.
Фаъолияти адабии Кароматуллоҳи Мирзо аз ҷониби давлат қадрдонӣ гардида, ба ӯ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ эҳдо шудааст.
Ин иқдом метавонад барои шиносоии бештари хонандагон бо ҳаёт ва эҷодиёти нависанда, омӯзиши осори ӯ ва эҳтиром ба фарзандони маъруфи диёр заминаи муносиб фароҳам оварад.
