Бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти рақами 1221 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шуд.
Маҳз самараи фаъолияти шоистаи масъулини ситоди шаҳрӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дарки падару модарон буд, ки шаҳри Гулистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро намуд. Фарзандони далеру шуҷои шаҳр бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, нишон медиҳанд, ки барои ҳифзи Ватан омодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарони азиз ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон хизмати содиқона ба Ватанро таманно менамояд!
Мастона Муҳидиллозода,
мухбири минтақавии
Радиои Тоҷикистон дар вилояти Суғд
