Дар шаҳри Бохтар ба муносибати иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳр дар рӯзи аввали даъват иҷро гардид. Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаи ҳамкории муштараки мақомоти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва волидайни онҳо мебошад.
Раиси шаҳр аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон, инчунин аз саҳми падару модарон дар тарбияи фарзандон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкориашон сипосгузорӣ кард.
Баъди қисмати расмӣ барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Ҳунармандон бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро болида намуда, иштирокдорон зери савту навои мусиқӣ рақсу шодӣ карданд.
Ҳамчунин, ба ифтихори ин рӯйдод дастархони идона ороста шуда, меҳмонон ва ҷавонони даъватшуда аз он баҳравар гардиданд.
Чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, рамзи қадршиносӣ аз ҷавононе арзёбӣ шуд, ки барои адои қарзи шаҳрвандии худ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.
М. Акрамов
