Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ рӯз то рӯз ҳаво сардтар пешгӯӣ мешавад. Дар ҳамин шабу рӯз ҳолатҳои фаромадани меғ ё ба истилоҳ туман низ бисёртар ба мушоҳида мерасад. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иброз доштаанд, туман ҳодисаи табиат буда, албатта, хатарҳое чун коҳиши биниш, монеаи ҳаракат дар роҳ ва афзоиши эҳтимолияти садамаҳои нақлиётиро ба вуҷуд меорад. Бояд бадиққат буд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя намуд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки ҳангоми фаромадани туман шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва зиққи нафас беҳтараш аз баромадан ба кӯча худдорӣ намоянд. Барои пиёдагардон эҳтиёт зимни убур аз кӯчаҳо ва роҳҳо ниҳоят муҳим аст. Ронандагони воситаҳои нақлиёт бошанд, суръати ҳаракатро суст карда, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ронандагон пойгаву пешгузаштанро иҷро накунанд, то ҳолатҳои садамавиро дар кӯчаҳо ба вуҷуд наоранд.
Инчунин, КҲФ аз ронандагон даъват ба амал меорад, ки эҳтиёткор бошед, ба ҳеч вақт ба баланд кардани суръати ҳаракат роҳ надиҳед, оромона мошин ронед, то озодона ва беосеб ба манзил бирасед. Ҳангоми убур аз чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагузар ба ҳаракати одамон эътибор диҳед.
Диққат! “Фаромӯш накунед, ки туман барои кулли касоне, ки дар сафаранд, хатар дорад, пас худро аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳифз кунед!”.
Ҳолати дигаре, ки ҳаноми ҳаракат дар роҳҳо ба вуҷуд меояд, ин яхбандии роҳҳо мебошад. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми дар роҳҳои пурбарфу яхӣ ҳаракат кардан, эҳтиёткор бошанд ва хуб мебуд, агар ронандагони бетаҷрибаву навкор дар чунин рӯзҳо аслан ронандагӣ накунанд, зеро таҷриба нишон дод, ки аксари садамаҳо бо айби ҳамин навронандагон сурат мегиранд. Ронандагон бояд пеш аз ба роҳ баромадан як маротиба аз вазъи мошини худ бохабар бошанд, аз ҷумла чархҳои мошинро дид, ки оё ба ҳавои зимистону барфу ях муносибанд? Дар роҳҳои яхиву барфӣ ҳаракат кардан, чӣ намерасад? Оё сӯзишвории эҳтиётӣ ҳаст? Ва муҳим тар аз ҳама суръатро ҳаргиз боло набаред.
Як қоидаи маъмулӣ ва асосиро дар ин гуна рӯзҳо ва умуман дар ҳама рӯз бояд риоя кард. Яъне, вақте ба гузаргоҳҳо мерасед, суръатро суст карда, пиёдаравонро эҳтиромона иҷозати гузар дод. Шитоб накунед, охир чаро ва то куҷо?
Фосилаи байни мошинҳоро бояд риоя кард, бахусус агар роҳҳо яхбаста бошанд.
Дар боло мо бештар ронандагонро ҳушдор додем, аммо роҳгузарон низ бояд донанд, ки саросема нашуда, ҳангоми убур аз роҳ бадиққат бошанд. Ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро бо хӯшаҳои кунҷдор истифода баранд. Илова бар ин, КҲФ аз пиёдагардон хоҳиш мекунад, то пойафзоли лағжандаро напӯшанд ва қадам оҳиставу дониста монанд. Ба роҳгузарон низ саросемагӣ тавсия дода намешавад. Пиёдагардон ҳамеша ба зер нигоҳ кунед, то болои ях по гузореду афтед.
Ҳамин тавр, дар ҳама гуна вазъи ҳаво ба Шшумо роҳи сафеду пойи равон таманно мекунем.
Неъмат САЛИМЗОДА,
www.radiotoj.tj