Имрӯз 346 рӯзи сол – ҷумъа, 11 декабри соли 2020.
Обу Ҳаво
– Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм мешавад. Дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 1+3° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Ҳавои шаҳри Кӯлоб низ бебориш буда, ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
– Дар ВМКБ шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад ва ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -2+3°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 14-19° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 хунук, рӯзона 4-9° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ шабона 5-7° хунук, рӯзона -1+1° мегардад.
– Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона -2+3°, рӯзона 1+6° гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4° мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
– Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад. Ба гуфтаи Агентии обуҳавошиносӣ тумани зич (бо дурии биниши то 50 метр) мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 10-12 хунук), рӯзона -1+4° мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
- 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
- 1 евро – 13.6945 сомонӣ;
- 1 рубли русӣ — 0.1532 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
- 11 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо қайд карда мешавад. Таърихи пайдоиш ва таҷлили ин рӯз ҳанӯз соли 1992 дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд ба миён омадааст. Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид тақрибан 22%-и кураи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки дар пешбурди рушди устувори иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим мебозанд. Наздик ба 915 миллион одамон ё 13% -и аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ умр ба сар мебаранд.
- Инчунин, дар ҳамин рӯзи соли 1946 Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) таъсис дода шуд.
- 11 декабр Рӯзи байналмилалии рақси «танго» низ ҳаст.
Муҳимтарин барномаҳои Радиои “Тоҷикистон”
- Имрӯз барои шунавандагон барномаи таҳлии «Фурсати баён» дар соати 09:10 манзур мегардад, ки дар он мавзӯи барқ ва пардохти ҳақи истифодаи он баррасӣ мешавад;
- Дар соати 10:15 аз идораи барномаҳои ҷавонӣ «Дунёи сарбоз” аз шароит ва рафти хизмати сарбозону наваскарон дар қисми ҳарбии -02615-и Вазорати мудофия ҶТ қисса мекунад;
- «Иқтисод ва молия» ба мавзӯи сабаб ва омили болоравии нарх ва иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ бахшида шуда, дар он инчунин шарҳи хабарҳои иқтисодӣ манзур мегардад. Ин барномаро соати 10:40 дар Радиои “Тоҷикистон” шунида метавонед;
- Оид ба туризми табобатӣ соати 15:10 дар барномаи «Радиосайёҳат» маълумот гирифта метаонед;
- Барномаи мустақими «Ҳамдил» низ ба мавзӯи истифодаи неруи барқ бахшида шуда, дар он оид ба фарҳанги истифодаи барқ дар хонавода гуфта мегузаранд. Ин барномаро соати 16:10 гуш карда метавонед;
Шунавандагон метавонанд рӯйи мавҷи 104,7 fm имрӯз ва ҳама рӯз дигар барномаҳои таҳлиливу сиёсӣ ва адабиву мусиқавиро гуш карда, ҳар соат аз ахбори тоза бохабар бошанд.