Се соли рушди истеҳсоли абрешим дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон


Давоми се соли оянда лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» татбиқ мегардад.

Ин лоиҳа бо мақсади мусоидат ба рушди устувор,  пешрафти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ пешбинӣ шуда, дар доираи барномаи «SWITCH-Asia», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин замина миёни ин ду кишвар гузаронидани тадқиқот оид ба талабот ба матои атлас, барқарор намудани истеҳсолоти абрешим ва матои атлас, доир намудани омӯзишу машғулиятҳои таълимӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои минтақавӣ бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим ва матои атлас дар назар дошта шудааст.

Манбаъ ҳамчунин афзудааст, ки алҳол дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди пилла «ВТ-Силк» ва «Дук» фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. Ҳамзамон корхонаи  «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки истеҳсоли беш аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрасро ба роҳ мондааст.

«Оғози татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»-ро қабул намудааст. Фароҳам овардани замина барои ҳарчи бештар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо дар самти рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матои абрешимӣ, аз ҷумла атлас аз ҳадафҳои аслии барнома мебошад», – аз ҷумла омадааст дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *