Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар баробари Эрон бозии арзанда нишон дод, вале натавонист ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёбад

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» муқобили яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Осиё — Эрон бозии арзанда нишон дод ва 2 бар 2 мусовӣ кард. Аммо ин натиҷа барои роҳ ёфтани мунтахаби мо ба даври баъдӣ нокифоя буд.
Рақобати мазкур шоми гузашта, дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳи «В», дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт, ки наздики 20 ҳазор нафар мухлис барои тамошои бозӣ омаданд.

Эрониҳо то дақиқаи 47-ум бо шарофати дубли Муҳаммад Моҳебӣ ба пеш баромаданд. Дар идома аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев (дар дақиқаи 58-ум) ва Зоир Ҷурабоев (дар дақиқаи 77-ум) гол зада, ҳисобро баробар карданд. Бо ҳамин дидор ба охир расид.

Вохӯрии дигар гурӯҳи «В» миёни тимҳои Афғонистону Ҳиндустон мусовӣ ба охир расид.
Ба ҳамин тартиб аз ин гурӯҳ Эрон бо 7 имтиёз ба финали мусобиқа роҳ ёфта, Ҳиндустон бо 4 имтиёз мавқеи дуюмро касб карда, барои ҷои 3-юм бо ҳамзинаи худ аз гурӯҳи «А»-и «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» рақобат хоҳад кард. Тоҷикистону Афғонистон аз мусобиқа ҳазф шуданд.

Рустам Зоиров

радиои «Тоҷикистон»