Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба платформаи рақамии Agromarket-и Қазоқистон пайваст шуданд. Тавассути ин платформа кишоварзон метавонанд харидоронро пайдо намуда, шартномаҳои фурӯши маҳсулотро ба таври онлайн ба имзо расонанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аллакай тавассути Agromarket аввалин шартномаҳо миёни истеҳсолкунандагони тоҷик ва харидорони қазоқ баста шудаанд.
Аз ҷумла, хоҷагии деҳқонии «Камол-Хоҷӣ» бо супермаркети онлайнии Arbuz.kz барои таҳвили ангури тару тоза шартнома ба имзо расонидааст. Ҳамчунин тавассути платформа бо бозори яклухти «Шарын» барои таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ созишнома баста шудааст.
Ҳаҷми умумии маблағи шартномаҳои аввалия беш аз 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Айни замон дар платформа маҳсулоти кишоварзони Тоҷикистон ва Қазоқистон пешниҳод карда мешавад. Дар марҳилаи минбаъда ба Agromarket пайваст намудани истеҳсолкунандагони кишоварзии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Ба роҳ мондани чунин ҳамкории рақамӣ барои истеҳсолкунандагони тоҷик имконияти васеъ намудани бозори фурӯш ва пайдо кардани харидорони навро фароҳам меорад.
