Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, дар соли таҳсили 2025–2026 дар ноҳия 86 муассисаи соҳаи маориф фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 10 муассиса томактабӣ мебошанд. Шумораи муассисаҳои таълимӣ нисбат ба соли таҳсили 2000–2001 16 адад зиёд шудааст.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 дар ноҳия як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 синфхона ва 384 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, тибқи нақша, сохтмони 10 бинои иловагӣ бо 119 синфхона ва 2920 ҷойи нишаст, инчунин 27 синфхонаи иловагӣ дар назди 7 муассисаи таълимӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, сохтмони се муассисаи томактабии хусусӣ ва як муассисаи томактабии давлатӣ оғоз гардидааст.
Натиҷаҳои хонандагони ноҳияи Восеъ дар олимпиадаҳои фаннӣ низ назаррас мебошанд. Дар соли таҳсили 2025–2026 онҳо дар олимпиадаи вилоятӣ 10 медали тилло, 22 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони ноҳия соҳиби 84 медал, аз ҷумла як медали тилло, 6 медали нуқра ва 77 медали биринҷӣ шуданд.
Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ 379 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 123 медал тилло, 123 медал нуқра ва 133 медал биринҷӣ мебошанд.
Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд гардидани сатҳи омодагии хонандагони ноҳияи Восеъ шаҳодат медиҳанд.
