ДАР МУЪМИНОБОД БАРОИ СОХТМОНИ ФУРУДГОҲИ МАҲАЛЛӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

Дар ноҳияи Муъминобод маросими гузоштани санги асоси фурудгоҳи хатҳои ҳавоии маҳаллӣ баргузор гардид.

Масоҳати умумии замини барои сохтмони фурудгоҳ ҷудошуда 23 гектарро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа беш аз 41 ҳазор метри мураббаъ барои роҳу роҳравҳо ва 187,5 ҳазор метри мураббаъ барои кабудизоркунӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, дар ҳудуди фурудгоҳ бинои маъмурӣ, толори интизорӣ, иншооти хизматрасонӣ ва техникии зарурӣ барои қабули мусофирон ва таъмини фаъолияти фурудгоҳ сохта мешаванд.

Ҳамчунин барқарорсозӣ ва навсозии хати парвозу нишаст, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо ва перрон дар назар дошта шудааст. Барои таъмини бехатарии парвозҳо низ аломатгузории аэродромӣ ва низомҳои муосири алоқаи авиатсионӣ ва радиотехникии идоракунии парвозҳо насб карда мешаванд.

Маблағгузории сохтмони иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ, буҷети маҳаллӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад.

Сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар гардидани имкониятҳои иртиботии ҳавоии ноҳияи Муъминобод мусоидат хоҳад кард.