ДАР ТОҶИКИСТОН АЙНИ ЗАМОН 71 КОРХОНАИ ДОРУСОЗӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Агар то замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ танҳо як корхонаи дорусозӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 71 адад расидааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 634 номгӯи дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол ва коркард карда мешаванд.

Ҳамчунин, айни замон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 500 муассисаи фармасевтӣ ва дорухона фаъолият доранд. Аз ин шумора 804 адад дар шаҳри Душанбе, 545 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 703 адад дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, 386 адад дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, 991 адад дар вилояти Суғд ва 71 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд.