Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори муосири обуҳавосанҷӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Стансияҳо дар мавзеъҳои Тартки ноҳияи Шаҳритус, Сардаи Миёнаи шаҳри Ваҳдат ва Элоки ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир карда шудаанд.
Насби ин таҷҳизот дар доираи ҳамкории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, стансияҳои нав нишондиҳандаҳои асосии обуҳаворо дар реҷаи вақти воқеӣ, аз ҷумла ҳарорати ҳаво, шиддатнокии боришот, суръати шамол ва дигар параметрҳоро ба таври худкор сабт мекунанд. Маълумоти ҷамъоваришуда тавассути низоми автоматӣ ба Агентӣ интиқол меёбад.
Масъулон таъкид мекунанд, ки истифодаи чунин таҷҳизот имконияти назорат ва таҳлили пайвастаи вазъи обу ҳаворо васеъ намуда, барои баланд бардоштани сифати пешгӯии обу ҳаво ва огоҳсозии бармаҳал аз падидаҳои хатарноки табиӣ мусоидат мекунад.
Татбиқи ин иқдом инчунин ба таҳкими иқтидори техникии соҳаи обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.
