Дар ноҳияи Рашт бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ ва дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо марҳила ба марҳила зиёд намудани шумораи хоҷагиҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ, инчунин афзоиши истеҳсоли гӯшти хушсифат ва парҳезии моҳӣ мебошад. Захираҳои обӣ ва имкониятҳои табиии мавҷуда метавонанд барои рушди устувори ин соҳа заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Муовини раиси ноҳияи Рашт Идибекзода Саидбек зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳистонии минтақаи Рашт кӯлҳо, ҳавзҳои сунъӣ ва обанборҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода шаванд. Ин имконият ба аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ шароит фароҳам меорад, ки бо истифода аз захираҳои обӣ парвариш ва нигоҳубини намудҳои гуногуни моҳиро ба роҳ монанд.
Масъулони соҳаи кишоварзӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати рушди низоми моҳипарварӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода ва Тагоби ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони таҷрибадор ба бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ машғул мебошанд.
Ҳавзҳо бо дарназардошти хусусиятҳои табиию иқлимии маҳал, имкониятҳои таъмини об ва талаботи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда истодаанд. Тавсеаи чунин иқдомҳо дар оянда метавонад ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат намояд.
