Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону коршиносон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни ифтитоҳи конфронс таъкид кард, ки рушди соҳаи обуҳавошиносӣ барои таъмини амнияти иқлимӣ, қабули қарорҳои давлатӣ, идоракунии захираҳои об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим дорад.
Раиси Кумитаи ҳифз муҳити зист Баҳодур Шерализода зарурати таҳкими ҳамкории минтақавиро дар самти мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолати пиряхҳо таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин метавонад ба рушди ҳамкории илмӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунад. Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имкон медиҳад дастовардҳои соҳа арзёбӣ шуда, омодагии ниҳодҳои давлатӣ ба хатарҳои нави иқлимӣ ва табиӣ муайян карда шавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор иштирокчиён бо сипосномаҳои Агентии обуҳавошиносӣ сарфароз гардонида шуданд.
